Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо нафар мухолифони давлати Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия рӯзи ҷумъа дар Троблус-пойтахти Либия гирдиҳам омаданд. Онҳо баъд аз намози ҷумъа аз Қаззофӣ дархост карданд, ки аз мақоми худ истеъфо диҳад. Онҳо бар зидди Қаззофӣ шиор медоданд. Бино ба гузоришҳо, нируҳои амниятӣ вориди маҳали тазоҳурот шудаанд ва барои пароканда кардани мухолифон аз гази ашковар истифода кардаанд. Гирдиҳамомадагон баъд аз ин амал пароканда шуданд, вале дубора ба ҷои худ баргаштанд. Нируҳои режим боз ҳам барои парканда кардани онҳо ин бор ба ҳаво тир холӣ карданд.
XS
SM
MD
LG