Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии 3 нашрия дар Душанбе аз сар гирифта шуд


Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои «Фараж» ва «Азия-плюс» ва «Озодагон» дар Душанбе аз сар гирифта шуд. Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфтаанд, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд. Амриддин Сафоев-додраси додгоҳи ноҳияи Сино аз тавзеҳи мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард, вале гуфт:

«Дар ҳама расонаҳо эълон шуда буд, ки маводи нашрияҳо ба ташхис фиристода шудаанд. Рӯзи 28 мо натиҷаҳоро гирифтем ва имрӯз корро сар кардем.»

Бо вуҷуди ин Абдураҳмон Шарифов- вакили мудофеи нашрияҳои «Фараж» ва «Озодагон» мегӯяд, ин нашрияҳо ташхисро ғайри қобили қабул меҳисобанд, зеро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон расман салоҳияти чунин ташхисро надорад ва кормандонаш коргари давлатӣ нестанд. Мурофиаи додгоҳии ин нашрияҳо баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа аз сар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG