Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи Амрико дар САҲА дар бораи озодии дин


Ян Келлӣ-намояндаи Амрико дар САҲА дар Вена дар ҷаласаи Шӯрои доимии ин созмон дар бораи озодии дин дар кишварҳои узв суханронӣ кард. Вай гуфт, имрўз озодиҳои мазҳабӣ дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла дар кишварҳои узв, ошкор ва возеҳ маҳдуд карда мешавад. Баъзе ҳукуматҳо дар бораи амнияти сиёсӣ ҳамчун асос барои саркўб кардани амалияҳои сулҳомези динӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Мо инро имрўз дар кишварҳои САҲА махсусан дар Ўзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон мебинем. Дар Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшудаи қонун «дар бораи масъулияти падару модарон» ҳар касро поёнтар аз синни 18-солагӣ аз ширкат дар ҷамъомадҳои мазҳабӣ манъ мекунад. Намояндаи Амрико дар САҲА гуфт, мо ҳукумати Тоҷикистонро ба он ташвиқ мекунем, ки ин банди лоиҳаи қонунро бекор кунад, зеро он заминаи нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабиро фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG