Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ мегӯяд, ин таҳқирро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академяии улум дарёфтааст, ҷавобгарон мухолифанд.

Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфта, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд.

Амриддин Сафоев аз тафсили мавзӯъ ба рӯзноманигорон
Идорае, ки коргаронаш ин ташхисро анҷом додаанд, расман муассисаи ташхиси давлатӣ нест...
худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, масъала ин аст, ки Солеҳҷон Ҷӯраев зимни як номаи хусусӣ ба раиси Додгоҳи Олӣ, ки нашр нашудааст, яке аз додрасҳоро «майпараст» унвон карда, нашрияи «Озодагон» дар баробари ӯ ибораи «аз тарс маҷбуран»-ро истифода кардааст.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи «Фараж» ва «Озодагон» гуфт, ташхисро нашрияҳо ғайри қобили қабул меҳисобанд, зеро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон расман салоҳияти чунин
Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи «Фараж» ва «Озодагон»
ташхисро надорад: «Идорае, ки коргаронаш ин ташхисро анҷом додаанд, расман муассисаи ташхиси давлатӣ нест, яъне кормандонаш коршинос маҳсуб намешаванд. Барои мо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё онҳо иҷозатномаи махсус барои додани хулоса доранд ё на.»

Дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон ҳеҷ кас омода нашуд, масъаларо шарҳ диҳад. Аммо Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, ин пажӯҳишгоҳ аз додгоҳ расман дархост кардааст, ки исми афроди ташхисгарро ошкор накунад ва онҳоро ба додгоҳ эҳзор нанамояд.

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои «Фараж», «Озодагон», «Азия-плюс» ва додрасҳои Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа замоне аз сар гирифта шуд, ки дар ин муддат маводи баҳсангези нашрияҳо дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон аз пажӯҳиши лингвистӣ гузаштааст.

Амриддин Сафоев, додраси парванда
Амриддин Сафоев, додраси парванда далели тӯл кашидани ин баҳсро ин гуна шарҳ дод: «Дар ҳама расонаҳо эълон шуда буд, ки маводи нашрияҳо ба ташхис фиристода шудаанд. Рӯзи 28 мо натиҷаҳоро гирифтем ва имрӯз корро сар кардем.»

Баҳси вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев, «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-плюс» аз як ҷониб ва се додрас аз додгоҳи Олии Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2010 оғоз шуда буд.

Сабаби баҳс нашри як матлаби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифои 31 сокини Исфара дар нашрияҳои мазкур буд, ки ахириҳо ба ҳамдастӣ бо Низомхон Ҷӯраев, собиқ сарвари корхонаи кимиёи Исфара муттаҳам шуда, ба мӯҳлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум шудаанд.

Дар ин матлаб додрасҳо ба содир намудани ҳукми ноодилона муттаҳам мешаванд, аммо дар сӯҳбати хос ба вакили дифоъ гуфтаанд, ки ин корро бо супориш кардаанд.

Хуршеди Атоулло, сардабири "Фараж"
9 моҳи қабл маводи ин нашрияҳо ба ташхиси лингвистии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон фиристода шуда, инак, ташхис анҷом ёфт ва аз се нашрия танҳо яке - «Озодагон» ҳамҷавобгари Солеҳҷон Ҷӯраев боқӣ монд.

Аммо Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, ҳамроҳ бо «Азия — плюс» аз «Озодагон» дифоъ хоҳанд кард: «Он иборае, ки «Озодагон» истифода бурдааст, дар «Фараж» ва «Азия — плюс» ҳам ҳастанд. Ин ҷо шояд ягон хатои техникӣ рафта бошад»

Дар ҳамин ҳол, шурӯи баррасиии додгоҳӣ баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа бидуни ширкати Солеҳҷон Ҷӯраев ва даъвогарон сурат гирифт ва додрас пас аз машварат 14 мартро санаи навбатии баррасӣ муайян кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG