Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати русӣ дар масири ҳавоии Сочӣ-Душанбе парвоз мекунад


Ширкати ҳавоии “Донавия”-и Русия дар масири ҳавоии Сочӣ-Душанбе парвозҳои худро оғоз мекунад. Ин парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи сешанбе анҷом мегирад. Дар ин бора сомонаи ин ширкат хабар додааст. “Донавия”ширкати ҳавоии Русия соли 2000 дар шаҳри Ростови лаби Дон ташкил шудааст. Нархи як тарафи парвоз 298 евро ва нархи парвози рафту баргаштро 576 евро муқаррар кардаанд. Ин парвозҳоро ҳавопаймоҳои Боинг анҷом медиҳанд. То ҳол дар ин масир ширкати ҳавоии “Тоҷикэйр” бо нархи арзонтар парвоз анҷом медод.
XS
SM
MD
LG