Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Покистон мегӯяд, ки дар инфиҷори баме дар назди масҷиди шаҳри Навшера воқеъ дар шимоли ғарби ин кишвар 9 нафар кушта, бештар аз 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бам замоне мунфаҷир шудааст, ки рӯзи ҷумъа баъд аз намози пешин ба камбизоатон хӯрок тақсим мекарданд. То ҳол рӯшан нашудааст, ки оё ин кори дасти бамгузори интиҳорӣ буд ва ё ҳодисаи дигар. Навшера дар минтақаи марзии миёни Покистону Афғонистон қарор дорад ва дар ин минтақа гаҳ-гогҳе ҳамлаҳои маргталабона анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG