Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Бут-афсари собиқи Русия, ки мақомоти интизомии Амрико вайро барои фурӯши аслиҳа ба террористҳо муттаҳам медонанд, рӯзи панҷшанбе ба таври мухтасар дар додгоҳи федеролии шаҳри Ню Йорк зоҳир шуд. Дар ин муддат Алберт Дайон-вакили нави мудофеи Бут аз додрас хост, ки барои Виктор Бут дар зиндон шароити беҳтар фароҳам оранд. Бут дар яке аз зиндонҳои аз лиҳози амниятӣ муътамади Манҳеттен нигаҳдорӣ мешавад ва иртиботи вай бо хешовандонаш дар Русия ва намояндагони консулгарии Русия дар Ню Йорк маҳдуд шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта мақомоти Таиланд Виктор Бутро ба Амрико таслим карданд.
XS
SM
MD
LG