Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Ҳамаи роҳҳои рафъи бӯҳрони Либия баррасӣ мешавад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай ҳар роҳи имкондоштаи рафъи бӯҳрони Либия, аз ҷумла роҳҳои низомиро баррасӣ мекунад. Обама рӯзи панҷшанбе зимни суханони худ дар Вошингтон аз даъвати раҳбари мухолифони Либия роҷеъ ба истеъфои Муаммар Қаззофӣ ҳимоят кард. Қаззофӣ бештар аз 40 сол дар ин кишвар ҳукумат мекунад. Обама гуфт:

“Дар он ҷо хатари номуаяйнӣ пеш омадааст, ки бо гузашти вақт метавонад ба хунрезӣ бирасад. Ва ин возеҳан масъалаест, ки мо онро баррасӣ мекунем”.

Бино ба гузоришҳо, нируҳои мухолифон назорат бар аксари қисматҳои шарқии Либияро ба даст даровардаанд. Аммо нируҳои ҷонибдори Қаззофӣ боздошт ва куштори мухолифонро идома медиҳанд. Дар Троблус-пойтахти Либия баъзе аз ҷонибдорони мухолифон бедарак шудаанд.
XS
SM
MD
LG