Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яқ мақоми маҳалии Балҷувон бо ришва боздошт шуд


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар гирифтани ришва гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора додситонии вилояти Хатлон хабар додааст. Вай барои додани қитъаи замин ба як сокини ин ноҳия 3-юми март аз вай 4 ҳазор сомонӣ ришва хостааст ва ҳангоми гирифтани 2 ҳазор сомонӣ, яъне нисфи маблағи ришва раиси кумитаи заминсозӣ боздошт шудааст. Тақсими замин дар Тоҷикистон яке аз роҳҳои ривоҷёфтаи ришвахорӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG