Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати нақлиётро дар Бағдод маҳдуд карданд


Мақомоти амниятии Ироқ ҳаракати нақлиётро дар Бағдод-пойтахти ин кишвар мамнӯъ эълон кардаанд. Дар Бағдод эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ба нақша гирифта шудааст. Тазоҳуркунандагон бар зидди бефаъолиятии ҳукумат, бар зидди ришвахориву бекорӣ ва хадамоти заифи иҷтимоӣ даст ба тазоҳурот мезананд. Созмондиҳандагон тазоҳуроти худро зери номи “Рӯзи пушаймонӣ” баргузор ва бад-ин тариқ яксолагии интихоботи порламонии Ироқро хотирнишон мекунанд.
XS
SM
MD
LG