Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама изҳор намуд, ки Муаммар Қаззофӣ машрӯъиятро аз даст додааст ва бояд саҳнаи сиёсиро тарк кунад

Раисиҷумҳури Амрико дар идомаи шадидуллаҳнтарин изҳороти худ аз оғози нооромиҳо дар Либия гуфт, ки оламиён аз хушунат алайҳи мардуми Либия ба даҳшат уфтодаанд.

"Мо ироаи паёмҳои рӯшанро идома медиҳем – хушунат бояд қатъ карда шавад. Муаммар Қаззофӣ машрӯъияташро аз даст додааст ва бояд биравад", изҳор намуд Обама. Раҳбари ИМА афзуд, "онҳое, ки алайҳи мардуми Либия аз хушунат кор гирифтаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва аз талошҳои мардуми Либия барои озодӣ, демократия ва шаъну шараф бояд пуштибонӣ кард".

МИСРИҲО БА МАРЗИ ТУНИС ФИРОР КАРДААНД

Ба гуфтаи Барак Обама, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои гуногун аз Либия фирор мекунанд ва ӯ ахиран барои истифодаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ ба хотири кӯмак ба шаҳрвандони Миср, ки аз ҷанг дар Либия сӯи

марзҳои Тунис гурехтаанд, иҷоза додаааст.

Тавассути ин ҳавопаймоҳо мисриҳо ба ватанашон баргардонида хоҳанд шуд.

Фирории оммавии тақрибан 200 ҳазор нафар, асосан, коргарони хориҷӣ, аз манотиқи гирифтори хушунату задухӯрдҳо дар Либия боиси бӯҳрони башарӣ дар марзҳо шудааст.

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар масоили кӯмакҳои башарӣ Кристалина Георгиева баъд аз сафар ба марзҳои Либия хабар дод, ки Брюссел барои паноҳандагони либиягӣ 30 миллион евро тахсис додааст.

Масъулони Созмони байнулмилалии муҳоҷират гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои Бритониё дар ҳашт парвоз тақрибан 1700 нафарро аз шаҳри Ҷербаи Тунис ба Қоҳира интиқол доданд. Қарор аст, ки дар чанд рӯзи оянда ҳавопаймоҳои Фаронса низ ба интиқоли коргарони хориҷӣ ба ватанашон машғул шаванд.

НАТО БА НИЗОЪ ДАХОЛАТ НАХОҲАД КАРД?

Дар ҳамин ҳол раҳбарони мухолифин дар Либия аз кишварҳои хориҷӣ дархост кардаанд, ки ҳамлаи ҳавоӣ болои нерӯҳои ҳукуматиро шурӯъ кунанд.

Ва аммо Пентагон алҳол аз истифодаи нерӯ худдорӣ мекунад.

Дирӯз Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, низ изҳор намуд, ки Паймон ҳадафи дахолат ба низоъи мусаллаҳона дар Либияро надорад ва аммо ба ҳар ҳол нақшаҳоеро дар мавриди амал ҳангоми бештар муташанниҷ шудани авзоъ таҳия мекунад.

Дабири кулли НАТО афзуд, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба таҳримҳо алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ ба имкони истифодаи нерӯ ишорае нашудааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Миср гуфтанд, ки рӯзи 2 март ду киштии бузурги низомии амрикоӣ аз канали Суэтс убур намуда ба соҳилҳои Либия наздик шудаанд. Гуфта мешавад, яке аз ин киштиҳо Kearsarge дар ихтиёраш 42 чархбол дорад.

Рӯзи чаҳоршанбе Қаззофӣ гуфта буд, ки агар нерӯҳои НАТО ё ИМА вориди низоъ шаванд, ҳазорон ҳазор либиягиҳо барои дифоъ аз ватан ҷон нисор хоҳанд кард ва Либия ба Вйетнами дуввум табдил хоҳад шуд.

БРЕГА БА ҚАЗЗОФӢ ТАСЛИМ НАШУД

Изҳороти Барак Обама дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи панҷшанбе нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ мавқеъҳои нерӯҳои зиддиҳукуматӣ дар фурудгоҳи шаҳри бандарии Брега ва дар шаҳри Адҷабияро аз тариқи ҳавопаймоҳо бомбборон карданд ва аммо барои аз ин мавзеъҳо берун кардани ошӯбгарон муваффақ нашудаанд.

Дар Триполӣ, пойтахти Либия, ва гирду атрофи он бошад, боздошту куштор

ва беному нишон ғайб задани мухолифин идома дорад. Бар пояи хабарҳо, афроди мусаллаҳ ба манзили афроди норозӣ ворид шуда, онҳоро бо худ мебаранд, дар бемористонҳо афроди ҷароҳатбардоштаро меҷӯянд ва онҳоро нобуд месозанд.

Коршиносон мегӯянд, нотавонии ҳарду ҷониби даргир дар Либия барои пирӯзии комил баёнгари он аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар тулонӣ хоҳад буд.

ИСТЕЪФО БА ХОТИРИ РОБИТА БО ҚАЗЗОФӢ

Дар ҳамин ҳол хабар расид, ки Ҳовард Дэйвис, раҳбари донишгоҳи бонуфузи иқтисод ва илмҳои сиёсии Лондон бино ба робитааш бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз мақомаш истеъфо додааст.

Дар изҳороти Дэйвис тасмим дар бораи ризояти қабули дуву ним миллион доллар аз як созмони таъсискардаи хонаводаи Қаззофӣ чун “иштибоҳ” арзёбӣ шудааст. Донишгоҳ аз ин маблағ 500 ҳазорашро аллакай дарёфт кардааст.

Шӯрои илмии ин донишгоҳ мехоҳад то куҷо қонунӣ будани эҳтои унвони доктори фалсафа ба писари Қаззофӣ Сайфулисломро тафтиш кунад. Сайфулислом соли 2008 дар донишгоҳи иқтисод ва илмҳои сиёсии Лондон рисолаи докторӣ ҳимоя карда буд.

СИТОРАҲОИ МУСИҚӢ ҲАМ АЗ ПУЛИ ҚАЗЗОФӢ БЕЗОРАНД?

Ситораҳои мусиқӣ низ ҳаққулзаҳмати аз сӯи хонаводаи Муаммар Қаззофӣ пардохтшударо бармегардонанд ваё барои хайрия сарф мекунанд. Ахиран намояндагони овозхони маъруф Бейонсе изҳор намуданд, ки ӯ миллион доллари аз ҳунарнамоӣ дар маҳфили хонаводагии Қаззофӣ дарёфтаашро ба Бунёди кӯмак ба осебдидагон аз заминларзаи Гаитӣ интиқол додааст.

Бейонсе ҳамроҳ бо овозхони маъруфи дигар Ашер дар арафаи соли 2010 дар ҷазираи Сент Бартс дар маҳфили ташкилкардаи писари Қаззофӣ Ҳанибал ҳунарнамоӣ карда буд.

Аз ин пеш овозхони канадагӣ Неллӣ Фуртадо дар блоги худ дар Твиттер навишта буд, ки соли 2007 барои ҳунарнамоӣ дар назди хонаводаи Қаззофӣ дар як меҳмонсарои Италия як миллион доллар гирифта буд ва ӯ ин малбағро барои хайрия сарф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG