Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Қаззофӣ бояд мақомашро тарк кунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ эътибори қонунии худро аз даст додааст ва бояд ба истеъфо равад. Дар нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед Обама гуфт, ки масъулони истифодаи нерӯ алайҳи мардуми Либия ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.

Аз ин пеш Луис Морено-Окампо, додситони Додгоҳи байнулмиллалии ҷиноӣ хабар дод, ки дар робита ба иттиҳом алайҳи Қаззофӣ ва атрофиёнаш дар ҷиноёт алайҳи башарият тафтишот шурӯъ шудааст.

Бар пояи хабарҳо аз Либия, дирӯз нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ мавқеъҳои нерӯҳои зиддиҳукуматӣ дар фурудгоҳи шаҳри бандарии Брега ва дар шаҳри Адҷабияро аз тариқи ҳавопаймоҳо бомбборон карданд.

Дар ҳамин ҳол дирӯз Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, изҳор намуд, ки Паймон ҳадафи дахолат ба низоъи мусаллаҳона дар Либияро надорад ва аммо нақшаҳоеро дар мавриди амал ҳангоми бадтар шудани авзоъ таҳия мекунад.

Дабири кулли НАТО гуфт, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба таҳримҳо алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ ба имкони истифодаи нерӯ ишорае нашудааст.
XS
SM
MD
LG