Пайвандҳои дастрасӣ

Соли гузашта дар Ҷопон шумораи худкӯшиҳо коҳиш ёфт. Дар маҷмӯъ соли гузашта дар кишвар 31 ҳазору 700 ҳодисаи худкӯшӣ саб шудааст, ки назар ба як соли пеш севу ним дар сад камтар аст.

Ҳамзамон, тавре дар гузориши ахиран нашркардаи ҳукумат ишора шудааст, теъдоди ҷавононе, ки даст ба худкӯшӣ мезананд, афзоиш ёфтааст.

Ҷавононро бештар ноумедӣ аз фардо ва аз имкони боло рафтан дар зинаҳои маснад барои ихтиёри тарки олам кардан таҳрик медиҳад. Дар гузориш гуфта шудааст, ки соли гузашта худкушӣ миёни хатмкунандагони макотиби олӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG