Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи фирори мардум аз атрофи шаҳри Обидҷон


Дар кишвари Соҳили Оҷ беш аз 200 ҳазор нафар минтақаи задухӯрдҳо дар канори шаҳри Обидҷонро тарк намуданд. Дар ин бора Комиссариати Олӣ дар умури паноҳандагони СММ хабар дод.

Бар асари задухӯрдҳои хиёбонӣ миёни ҷонибдорон ва мухолифони раисиҷумҳури феълӣ Лоран Гбагбо дар минтақаи Абобои канори Обидҷон дар шабонарӯзи гузашта 26 нафар кушта шуданд.

Се моҳ пеш дар Соҳили Оҷ интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он, ба тайиди ҷомеъаи байнулмиллалӣ раҳбари мухолифин Алассон Уаттар пирӯз шудааст. Ва аммо Гбагбо мегӯяд, ки ӯ бештари раъйҳоро ба даст овардааст ва аз интиқоли қудрат ба Уаттар сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG