Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Покистон бозрасии парвандаи корманди консулгарии Амрико Раймонд Дэвисро то рӯзи 8 март мавқуф гузошт. Дипломати амрикоӣ дар куштори ду покистонӣ айбдор мешавад.

Мурофиаи додгоҳӣ дар маҳбаси шаҳри Лоҳур мегузарад, ки Раймонд Дэвис он ҷо нигаҳ дошта мешавад. Дэвис мегӯяд, ки ӯ ба хотири дифоъи худ аз яғмогарон аз силоҳ оташ кушодааст.

Мақомоти ИМА изҳор намуданд, ки Раймонд Дэвис аз дахлнопазирии дипломатӣ бархурдор аст ва аз ин рӯ бояд озод карда шавад. Ва аммо вакили дифоъи кушташудагон ин иддаоро рад карда ва афзудааст, ки то ҳол ягон санад дар мавриди дахлнопазирӣ ваё имтиёз доштани Дэвис ба додгоҳ ироа нашудааст.
XS
SM
MD
LG