Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири пешини Ироқ мақоми навро написандид


Сарвазири пешини Ироқ Аёд Алловӣ, ки раҳбарии эътилофи сиёсии сунниҳоро бар дӯш дорад, аз ишғоли маснади раиси Шӯро оид ба сиёсати стратегӣ дар ҳукумати нав сарпечӣ кард. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Наҷаф, Алловӣ гуфт, ки созиш дар бораи тақсими мақомҳо дар ҳукумати Ироқ халалдор шудааст.

Охири соли гузашта сиёсатмадорони ироқӣ дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ ба созиш расиданд ва ҳамин тариқ ба бӯҳрони ҳукуматӣ, ки ҳашт моҳ идома кард, хотима бахшиданд

Дирӯз аз Ироқ дар бораи истеъфои мири пойтахт – Бағдод ҳам хабар расид. Ӯ дар пайи намоишҳои мардумӣ алайҳи фасод дар як ҳафтаи пеш бо номи «Рӯзи ғазаб» мақомашро тарк намуд. Аз ин пештар шаҳрдорони Басра ва Ал-Ҳилла низ аз мақомҳояшон истеъфо дода буданд.
XS
SM
MD
LG