Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мегӯяд, ҳукуматаш бо Толибон гуфтӯгу кардааст


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳукуматаш ва ҳомиёни ғарбии ӯ ба хотири поён додан ба ҷанг бо Толибон гуфтӯгу кардаанд. Ҳомиди Карзай дар ин бора дар мусоҳиба бо як телевизиони Бритониё сухан гуфт. Ҳомиди Карзай, афзуд, ҳукуматаш бо баъзе аз намояндагони Толибон тамоси мустақим доштааст ва ҳамзамон Амрико ва Бритониё бо афроде аз гурӯҳи Толибон гуфтӯгу кардаанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон ҷузъиёти дигаре дар ин бора надод ва гуфт, барои хотима додан ба низоъ фурсат зарур аст.
XS
SM
MD
LG