Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузори маргталаб 8 нафарро дар Ироқ кушт


Як бобмгузори маргталаб имрӯз дар шаҳри Ҳадисаи Ироқ дасти кам ҳашт нафарро кушт ва даҳҳо тани дигарро захмӣ кард. Ба гуфтаи пулис, бомбгузор худро дар дохили як бонки давлатӣ ва дар миёни издиҳоме мунфаҷир кард, ки барои гирифтани маоши худ навбат меистоданд. Шаш нафар аз қурбониёни ҳамла маъмурони пулис будаанд. Ҳадиса, шаҳри умдатан сунинишини Ироқ дар 120 километрии шаҳри Бағдод воқеъ аст ва дар гузашта яке аз такягоҳҳои аслии Ал-Қоида будааст.
XS
SM
MD
LG