Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фарзияи додситонҳои Олмон доир ба ҳамлаи Франкфурт


Додситонҳои Олмон мегӯянд, фарди мусаллаҳе, ки ду сарбози амрикоиро дар фурудгоҳи шаҳри Франкфурк кушт, зоҳиран як ифротгарои исломӣ будааст. Ҷавони 21 солаи албанитабор, ки аслаш аз Косово будааст, ба қатли ду сарбози амрикоӣ ва захмӣ кардани ду тани дигари онҳо муттаҳам мешавад. Ӯро имрӯз барои эъломи иттиҳомот ба додгоҳ ҳозир мекунанд. Сарбозон замоне мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки савори автобус бояд ба пойгоҳи ҳавоии Рамстен дар Олмон мерафтанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ваъда доданд, ки барои таҳқиқи ин парванда ҳар кори мумкинро хоҳанд кард. Ҳукумати Косово, ин ҳамларо “амали нафратангез” хонд.
XS
SM
MD
LG