Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи танги тоҷикӣ дар интернет


Замониддин Насриддинов
Замониддин Насриддинов

Забон ҳастии миллат аст. Дар асри мо, садаи 21, ба ҷуз аз марзҳои сиёсӣ марзҳои виртуалӣ дар ҳоли ташаккуланд. Забон дар он нақши калидӣ дорад. Дар ҷаҳони интернет марзи баъзеҳо бо суръат васеъ ва марзи дигарон босуръат танг мешавад.

Ҳар хонандае, ки бо олами интернет ошност медонад, ки забони тоҷикӣ (бо ҳуруфи кириллӣ ё сирилик) дар ин олам монанди Тоҷикистон дар харитаи сиёсист. Ва рӯз аз рӯз он тангтар мешавад. Тангшавии забони тоҷикӣ дар олами интернет ва роёна ба омилҳои гуногун бастагӣ дорад ва метарсам, ки дигар барқароршаванда набошад.

Маълумоти нашр кардаи Омори интернетии ҷаҳон дар бораи даҳ забоне, ки дар интернет хонандагони зиёд доранд, гувоҳӣ медиҳад, ки забони тоҷикӣ бо қатори “ ва забонҳои дигар” дохил мешавад.











Тавре мебинем, сарҳади забони инглисӣ дар интернет хеле фарох аст ва чиноӣ дар ҷои дувум будаву испониёӣ дар ҷои савум аст. Ахиран интернети арабӣ, корягӣ во португалӣ низ дар ҳоли рушд аст.

Ҳукумати бархе аз кишварҳо бисёр манфиатдор аст, ки ҳузури забони хешро дар интернет густариш диҳад ва барои ин сармоягузорӣ ҳам мекунанд.

Дар Тоҷикистон зоҳиран чунин ҳимоят ё ташвиқ дида намешавад ва бунёди торнамоҳои тоҷикӣ харҷи гарон дорад.

Худ бингаред, ки барои як сомона (ва ё ҳост) 20 доллар маблағ медиҳед, сомонасоз бо 200 доллар онро месозад, нигаҳдошти он даро шабакаи ҷаҳонӣ моҳе 30 долларе харҷ дорад, ҳамзамон барои хизматрасонии он ва тармимаш маблағҳо сарф мешаванд. Хулоса, агар ин сомона, ки бо мақсади фоида сохта шудааст, бо забони тоҷикӣ сохта шавад, дар ҳақиқат зараровар хоҳад буд. Ва он моли рекламашаванда, ба ҷуз аз ҳазор хонанда дигар хонандае, пайдо намекунад.

Барои он, ки сомонаҳои ҷӯянда, бештар аз калидвожаҳои русиву инглисӣ (ин одати кобандагон ва кафолати ёфтани маълумот аст) истифода мекунанд ва сомонаро дастраси муштариён мекунанд, агар бо забони тоҷикӣ бошад маълум нест, ки касе онро дастрас карда тавонад ва ё зуд аз тарафи сомонаҳои кофтукобӣ индексатсия шавад. Хонандагон имрӯз шоҳиди онанд, ки маълумоти заруриро ҳеҷ гоҳе ба забони тоҷикӣ пайдо накардаанд.

Барои ширкатҳои бузург, қобили қабул нест, ки маълумоти худро бо забони тоҷикӣ нашр кунанд. Ҳам хонанда намеёбанд, ҳам харидор ва ҳатто тамошобин (шумораи хонандагони тоҷик хеле кам аст). Аммо бо гузориши ҳолати сарҳадии -.TJ имрӯз бархе аз ин қисматҳо аз ҷониби шаҳрвандони Руссия, Қазоқистон, Туркманистон ва ғ. харида шудаанд, ки маънои он, ҳатто дар сарҳади -.tj гум шудани маълумот бо забони тоҷикӣ аст.

Сабаб, базаи барномавии интернетию роёнавии забони тоҷикӣ то ба ҳол ба вуҷуд наомадааст. Яъне то ҳол барномаҳои забонӣ (тоҷикиҷӯркунанда), таҳлигарони забонӣ, тарҷумонҳо ва ғ., сохта нашудаанд, ба истиснои як-ду драйвери забони тоҷикиву вожаномаҳои номукаммал. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳатто барномаҳои телефони мобилиро ба забони худ тарҷума кардаанд.

Хулосаи конфронси байналмилалии «Забони тоҷикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ», ки соли 2008 дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор гашт, хеле таассуфангез буд. Дар он вазъи масъала хеле возеҳ тасвир ёфта буданд. Вале то кунун натиҷае нест!

Имрӯз мувофиқи ахбори шабакаи Омори интернетии ҷаҳон аҳолии Тоҷикистон: 7,487,489 нафар ва шумораи истифодабарандагони интернет: 700 000 нафар мебошад, ки пеш аз Туркманистон (80 400 истифодабаранда) дар Осиёи Миёна дар ҷои охирин аст.






Барои олами интернет ин чунин маъно дорад, ки забони давлатии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонӣ мавҷуд нест. (Барои исботи ин фикр аз хонандае ба номи Ҷулия иқтибос меорам, ки дар мавриди кофтукоби маълумот бо забони тоҷикӣ навиштааст: «Мне очень нужно в ближайший месяц выучить таджикский язык, ну, конечно, не весь, ну хотя бы основу, грамматику, чтобы возможно было понимать и общаться! Как мне это сделать, в интернете ничего не нашла... учебников тоже нет. Спасибо»)

Ин дар ҳолест, ки дар тамоми давлатҳо барои барномасозии интернетии забони худ, тасмимҳои сиёсӣ-миллӣ гирифта шуда, ба истифодабарандагони ин забонҳо тамоми шароити ройгони дастрасӣ ба мавод фароҳам мешавад. Ҳатто имрӯз шоҳиди он гаштам, ки сафоратҳои Фаронса ба омӯзандагони забони фаронсавӣ, раводиди ройгони сафар ва маҷмӯаи барномаҳои зарурии роёнавиро медиҳанд. Ва ҳам корбарони интернет метавонанд аз барномаҳои ройгони омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва забонҳои дигар истифода баранд.

Агар ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону адибон, соҳибкорону тоҷирон ва корбарони интернет ҳоло барои устувору васеъ шудани ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар интернет талош накунанд, оянда аз эҳтимол дур нест, ки ҳузури забони мо дар шабакаи ҷаҳонӣ ба поинтарин сатҳ коҳиш ёбад ва ба сӯи нестӣ мебарад.

Замониддин Насриддинов,
Аспиранти соли аввали бахши рӯзонаи равияи Геммологияи Донишгоҳи кофтукоби геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе.
XS
SM
MD
LG