Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Миср аз мақомаш истеъфо дод


Шӯрои олии низомии Миср эълом кард, ки Аҳмад Шафиқ, нахуствазири ин кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Шӯрои ҳоким бар Миср истеъфои нахуствазирро пазируфта ва аз Иссом Шараф, вазири нақлиёт хостааст, ҳукумати навро таъсис диҳад. Аҳмад Шафиқро, Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, пеш аз истеъфояш нахуствазир таъйин кард, вале тазоҳургарон дар Майдони Таҳрири Қоҳира борҳо истеъфои ӯро талаб карда буданд.
XS
SM
MD
LG