Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи фарзияҳои ҳамла ба сарбозони Амрико


Пулиси Олмон мегӯяд, масъалаи нақши терроризм дар тирандозии маргбор ба ду сарбози амрикоӣ дар фурудгоҳи Франкфуртро баррасӣ мекунад. Як сухангӯи полиси Олмон гуфт, мақомот талош доранд, то муайян кунанд, ки оё муттаҳами 21-солаи албанӣ бо гурӯҳҳои террористӣ иртибот доштааст ё на. Ин фардро, ки аз маҳалли ҳодиса фирор кард, вале боздошт шуд, имрӯз ба додгоҳ ҳозир мекунанд. Дар ин ҳамла ду сарбози дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико маҷрӯҳ шуданд ва вазъи яке аз онҳо вахим арзёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG