Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовирони рус Тоҷикистонро тарк хоҳанд кард?


Бино ба гузоришҳо, ба эҳтимоли ғолиб Гурӯҳи фаврии нерӯҳои марзбонии Русия Тоҷикистонро тарк хоҳад кард. Хабаргузории “Интерфакс”, навиштааст, масъалаи мазкур дар ҷараёни музокироти ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад. Даври аввали ин музокирот моҳи феврал бидуни имзои санаде ба поён расид. Ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе, давлати Тоҷикистон мойил аст, то мақоми ин гурӯҳ дар кишвар поёнтар бурда шавад, аммо Русия инро намехоҳад. Хадамоти федеролии марзбонии Русия ин хабарро таъйид ва ё такзиб накардааст. Нерӯҳои марзбонии Русия соли 2005, Тоҷикистонро тарк карданд ва сар аз соли 2006 гурӯҳи мушовирони рус дар Душанбе боқӣ монданд. Мӯҳлати эътибори созишнома дар мавриди ҳузури онҳо соли гузашта поён ёфт.
XS
SM
MD
LG