Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии арабу туркоманҳои Ироқ аз иқдоми курдҳо


Сиёсатмадорони араб ва туркоманҳои Ироқ аз сафарбар кардани нерӯҳои пешмаргаи курдҳо ба атрофи шаҳри саршор аз нафти Киркук ибрози нигаронӣ кардаанд. Ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, чунин иқдом метавонад, сабаби афзоиши бештари танишҳои байниқавмӣ дар шаҳри Киркук шавад. Муҳаммад Халил Ҷибурӣ, раҳбари ҷиноҳи арабҳо дар Маҷлиси вилоятии Киркук гуфтааст, чанде пеш бештар аз 5 ҳазор нерӯи пешмаргаи курдҳоро дар атрофи шаҳри Киркук мустақар кардаанд. Аммо раҳбарони курд дар шаҳр мегӯянд, нерӯҳоро ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва боқимондаҳои режими Саддом Ҳусайн эъзом кардаанд, зеро дар ин замина иттилоъоти мӯътамаде ба даст овардаанд. Шаҳри Киркук бо аҳолии тақрибан як миллион нафариаш дар Ироқ дорои бештарр аз 13 дар сади тамоми захираҳои нафт дар ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG