Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти муаллифи "Суннатҳои наврӯзӣ дар Бадахшон"


Марҳум Нисор Шакармамадов

Марҳум Нисор Шакармамадов

Нисор Шакармамадов, доктори илм ва мардумшиноси тоҷик, дар синни 76-солагӣ дар Хоруғ аз олам даргузашт.

Аммо чанд рӯз қабл аз ин, ҷаноби Шакармамадов бо хабарнигори "Озодӣ" дар бораи китобаш бо номи "Суннатҳои наврӯзӣ дар Бадахшон", ки ба дасти чоп супурд, сӯҳбате анҷом дода буд.

Масъулони чопхонаи "Логос" дар Хоруғ мегӯянд, бо кӯмаки мақомоти вилоят то иди Наврӯз ин китоби нави олимро ба дасти хонандагон хоҳанд расонид.

Нисор Шакармамадов солҳои охир профессори кафедраи адабиёти Донишгоҳи Хоруғ буд. Мудири кафедра Лаълҷуббаи Мирзоҳасан ӯро кашшофи асрори мардум унвон кард, ки "дурдонаҳои эҷодиёти шифоҳӣ ва фарҳангро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст."

ШАКАРМАМАДОВ ВА НАВРӮЗ

Марҳум Носир Шакармамадов дар он сӯҳбате, ки бо хабарнигори "Озодӣ дошт гуфт, "агар дар таълифоти қаблӣ бештар ба ҷанбаҳои илмии Наврӯз таваҷҷӯҳ мешуд, китоби нав аз рӯи мушоҳидаҳо, нақл ва анъанаҳои наврӯзӣ дар Бадахшон хусусиятҳои мардумии ин ҷашни бузургро ба намоиш мегузорад."

Ба гуфтаи ӯ, "марҳилаҳои омодагӣ ба "Шогун баҳор" ва ё иди Наврӯз, ки дар маҳалҳои дурдасти Бадахшон боқӣ мондаанд, хусусиятҳои қадимӣ ва ориёии ин идро инъикос мекунанд."

Дар Бадахшон марҳилаи нахустини омодагӣ ба Наврӯз ба рӯзҳои охири моҳи январ, ба ҳангоми хориҷ шудани офтоб аз бурҷи шито ва беҳаракати ва поён ёфтани чиллаи зимистон рост меояд.

Иди оғози "Шогун баҳор" бо номи Хирпичор ва ё офтоб дар нохуни мард дар навоҳии Шуғнону Роштқалъаву Рушон ва "Гравшан" дар Язгулом ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз бо шукргузорӣ аз паси сар шудани чиллаи зимистон ва ё фасли сармо хонаводаҳо гӯсфанд забҳ намуда, нони гандумӣ мепазанд.

Дар баъзе маҳалҳо кадбонуҳо дар панҷ сутуни хонаи аҷдодӣ гарди орд-бун мезананд, ки рамзи сафедӣ, хушиҳо ва осоиши рӯзгорро ифода мекунад.

"БАТАЙЁМ" Ё "САФИРИ БАҲОР"

Мардумшинос Нисор Шакармамадов дар сӯҳбате, ки бо мо дошт гуфта буд, ки марҳилаи нахусти омодагӣ ба Наврӯз дар Бадахшон бо ҷашни Садаи аҷдодӣ як реша доранд. Вай гуфт, маъмулан иди Садаро дар ҷумҳурӣ охири тирамоҳ ҷашн мегиранд, аммо ин иштибоҳ аст.

Марҳилаи дуввуми омодагӣ ба Наврӯзро дар Бадахшон иди Батайём ва ё Хирчизон - офтоб дар зону меноманд. Хонаводаҳо ин идро рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи дуввуми моҳи феврал ҷашн мегиранд ва онро иди пайки баҳор ва ё сафири баҳор низ ном мебаранд.

Аз рӯи тақвими мардумӣ офтоб дар роҳи ҳаракат аз нохун ба зонуи мард расида, қувват мегирад ва ба зиндашавии табиат ибтидо мегузорад. Ба ифтихори ин ид хонаводаҳо таоми махсус аз омехтаи орд, равған ва ширу шакар, ки ба забони шуғнонӣ "бат" ном дорад, омода мекунанд ва сари дастархон сарҷамъ меоянд.

Ҷашни Наврӯз дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон
Бо фаро расидани ид ташвишу тараддуди кишоварзон ҳам зиёд мешавад. Расм аст, ки дар ин рӯз деҳқон юғу испор ва дигар асбобу анҷоми лозим барои иҷрои корҳои кишоварзро омода кунад ва тухмиро барои тоза намудан аз анбор берун орад.

Хокистари аз аловдонҳо ҷамъшуда дар зимистон ва пору ба замину боғот кашонда мешавад. Бачаҳо дар ин рӯзҳои офтобӣ болои бом баромада, ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд. Дар ин рӯз ҳатто хирс ва дигар ҷонварон аз хоби зимистонӣ бедор мешаванду ба ҳаракат меоянд ва барои инсон дар хона нишастан дигар гуноҳ аст.

Имрӯз бо аҳли хонавода сари замин хокрубаву пору бурдем, шаминро барои кишт омода мекунем. Пас аз чанд вақт, ҳангоме ки ҳаракати офтоб аз рӯи тақвими мардумӣ, ки узвҳои инсонро дар бар мегирад, ба дил мерасад, ки ин рӯзро дар Бадахшон "Шогун" ё иди хуҷаста ва саиди сари сол - Наврӯз меноманд.

"САРИҶУФТӢ"

Ба гуфтаи муҳаққиқ, дар марҳилаҳои омодагӣ ба Наврӯз дар кӯҳистон дар баробари парастиши офтоб парастиши ҷуфти барзагов мақоми махсус дошта, дар маҳалҳои Ванҷи боло ин расм бо номи "Сариҷуфтӣ" маъмул будааст. Дар ин рӯз мардум барои кашидани ҷӯяки нахстин, ки рамзи сериву пурӣ маҳсуб мешавад, ҷуфти барзаговро бо дуои нек ва созу суруд сари замини кишт мебурданд.

Аммо дар маҳалли Ёгеди ноҳияи Дарвоз расм аст, ки дар рӯзи Наврӯз ҳар писарбача бояд 7 бех ниҳоли босамар шинонад ва парвариш кунад. Агар нафаре аз ӯҳдаи ин кор барояд ва чун ба синни балоғат мерасад, ҳуқуқи дар иди Наврӯз хонадор шуданро пайдо мекунад.

Бисёр волидон дар дил орзу мепарваранд, ки фарзандонашон маҳз дар ин рузи Наврӯз оиладор шаванд, зеро ақидае роиҷ аст, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз оила бунёд кунад, ҳеҷ як аз қувваи аҳриманӣ ба ин оила зиён расонида наметавонад ва ин оила тамоми умр хушбахт мемонад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG