Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ


Дар чанд соли ахир таваҷӯҳи сокинони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки донистани забони хориҷӣ як бахши муҳими талаботи кордиҳанда унвон мешавад.

Феълан дар сартосари кишвар марказҳои зиёди таълими забонҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ки ба ивази аз 100 то 500 сомонӣ ба хоҳишмандон барои як давраи таҳсил забон меомӯзонанд.

Дар бисёр марказҳои забономӯзӣ аз фанновариҳои муосир истифода мешавад ва ба толибилмон аксаран худи соҳибони забон дарс мегӯянд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон аксарият ба омӯхтани забони англисӣ ва русӣ бартарӣ медиҳанд. Аммо бозори омӯзиши забонҳои арабӣ, олмонӣ, чиноӣ, туркӣ ва ҳинду низ гарм аст.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ роҳандозӣ шудааст ва муҳассилин дар ҳафтае ду соат забонҳои англисӣ фаронсавӣ, олмонӣ ва арабӣ меомӯзанд.

Аммо муҳассилин мегӯянд, ин дарсҳо муассир набуда, онҳо пас аз хатми мактаб боз дар назди устодони хусусӣ таълим мегиранд.

Таваҷҷӯҳи сокинон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

XS
SM
MD
LG