Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳаввулоти ҷаҳони араб ва ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии ҳафтаномаи чопи Душанбе аст.

"Пажвок" дар матлаби "Ислом Каримов дилзанак шуд?" гузориши сенати Амрикоро ба баррасӣ гирифта, ин суолро матраҳ кардааст, ки "Амрико сохтмони "Роғун" -ро муҳим донист, Узбакистон чӣ мекунад?"

Ин ҳафтанома навиштааст, "нерӯгоҳе, ки кишвари ҳамсояи мо - Узбакистон бо таблиғоти дурӯғинаш аз он "аҳримани вайронкор"-е ном мебурд, аз ҷониби як сенати абарқудрати дунё муҳим дониста шуд."

"ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ?"

Нашрияи "Имрӯз News"
"Озодагон"
бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти Шарқи Наздик ва кишварҳои мусалмонӣ навиштааст, ин ҳаводис аз як сӯ тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат оварда бошад, аз сӯи дигар кишварҳои авторитариву диктотуриро ба тадбирандешиҳо водор кардааст.

Ба навиштаи нашрия "ба истеъфо фиристода шудани Мирзоалӣ Болтуевро ба гунае шарҳ медиҳанд, ки гӯиё Тоҷикистон низ ба ислоҳоти ҷидии сиёсӣ даст заданист. Аз маҳбас озод кардани чанд нафар, аз ҷумла бародар ва ҳамсояи Мирзо Зиёев, Эшони Дароз ва кам кардани мӯҳлати зиндон барои чанд нафари дигарро низ ба сифати ислоҳот баҳогузорӣ мекунанд."

"РАЗВЕДКАИ МОЛИЯВӢ"

"Фараж" тасвиби қонуни нав дар бораи муқовимат ба қонинигардонии даромадҳо бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва маблағгузории тероризм" аз сӯи вакилони парлумонро маҳаки аслии фаъолияти "разведкаи молиявӣ" хонда ва навиштааст, "натиҷаи пурсиш аз раиси бонк, ҳуқуқшинос, коршиносу соҳибкор ҳокист, ки бисёри онҳо ҳарос доранд, ки раёсати разведкаи молиявӣ ба манбаи коррупсионӣ табдил хоҳад ёфт."

Афзун бар ин нашрия навиштааст, ки ин ниҳод то ҷое монеи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар хоҳад шуд.

НИМ СОЛИ ФИРОРИЁН

Ҳафтаномаи "Нигоҳ"
"Пайкон"
бо гузашти шаш моҳ аз ҳодисаи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе, матлаби "Ним сол баъди "Побег" - ро чоп карда ва навиштааст, "дар ин муддат чанд тан аз фирориён куштаву чандеи дигар дастгир шуданд. Аммо бархе дигар ҳанӯз ҳам мавриди чустуҷӯянд ва маълум нест, ки куҷо паноҳ бурдаанд, кай ва бо кадом шева дастгир ва ё кушта мегарданд..."

Нашрия бар иловаи номи маҳбусони фирорӣ, аксҳои онҳоро низ чоп карда ва онҳоеро, ки кушта шудаанд болояшон хати салиб ва дастгиршудагонро панҷара кашидааст.

"ПРЕЗИДЕНТ ШУДАНӢ НЕСТАМ"

"Нигоҳ" мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро чоп кардааст, ки вай дар посухи яке аз саволҳои хонандагон гуфтааст, "президент шуданӣ нестам" ва дар ҷавоби суоли дигар афзудааст, ки "ҲНИТ ба сари қудрат омаданӣ ҳам нест, ки касе тарсад."

Ҳамзамон ҷаноби Кабирӣ дар бораи таъсири ҳаводис дар кишварҳои исломӣ ба ҳизб гуфтааст, ки "ба мо ҳеҷ таъсире надорад, зеро ин ҳодисаҳо натиҷаи зулму ситам ва яккаҳокимиятии тӯлонӣ мебошад, на ислом ё дини дигар.

"СССР"
дар матлабе зери сарлавҳаи "Гурги иттилоотӣ ва сагҳои манфиатхоҳ" навиштааст, бояд фазои иттилоотӣ таҳти таъсири ВАО-и ватанӣ бошад ва дар ин раванд хабарнигорони воситаҳои ахбори давлатӣ парчамбардор.

Аммо ба навиштаи нашрия "мутаасифона, имрӯз матбуоти ватанӣ самти фаъолияташро бештар ба он хабарҳое алоқаманд мекунад, ки сарчашмаи онҳо аз берун аст."

"ЧАРО УЗБЕК МЕШАВАНД?"

Нашрияи "Миллат"
"Миллат"
аз афзоиши фазояндаи таъсири шабакаҳои радио ва телевизионии Узбакистон ба ноҳияҳои марзии шимоли Тоҷикистон интиқод карда, матлаберо зери сарлавҳаи "Чаро тоҷикон дар Ашт узбек мешаванд?" ва зерсарлавҳаи "Қоҳир Расулзода ба куҷо менигарад: ба Тошканд ё ба Душанбе?!" ба чоп расонидааст. Нашрия наивштааст, "сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт номи шабакаҳои телевизионии Узбакистонро азёд медонанд, аммо номи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, бахусус, барои насли наврас ноошност."

Ба навиштаи "Миллат", "ин масъаларо сокинони ҷамоати Пунук дар як мулоқот бо раиси вилояти Суғд дар соли 2010 мавриди муҳокима қарор доданд. Масъулони вилоят ваъда доданд, ки шояд баъд аз панҷ-шаш сол мардуми ноҳияи Ашт ва ҷамоати Пунук бо шабакаҳои телевизонӣ ва радиои тоҷикӣ таъмин карда шаванд."

МУШКИЛИ РОНАНДА Ё БДА?

"Имрӯз нюс" ба баррасии фаъолияти кормандони пулиси роҳ дар шаҳри Душанбе пардохта, дар матлабе зери номи "Бетартибӣ бо номи тартибот" аз қавли як ронанда навиштааст, "дар бисёре аз мавридҳо, вақте ки нозирони роҳ ӯро боз медоранд, аз ӯ на ҳуҷҷат, балки ҳамчун одати маъмулӣ додани маблағро интизор мешаванд. Гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ва ё кушода гирифтани рақами мошинҳо, ки аз тарафи нозирони зиёд сурат мегирад, ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG