Пайвандҳои дастрасӣ

Коннорс - беҳтарин теннисбози ҳама давру замонҳо?


Надал боз як ситораи теннис Ҷоковичро мағлуб кард

Надал боз як ситораи теннис Ҷоковичро мағлуб кард

Маҷаллаи илмии PLoS ONE натоиҷи таҳқиқоти донишманди донишгоҳи Шимолу Ғарби Иллинойси Амрико Филиппо Радиччиро дар бораи беҳтарин тенисбози ҳама давру замонҳо нашр кард.

Ин донишманд алгоритми печидаи математикиеро истифода намуд, ки тавассути он на фақат шумора, балки сифати пирӯзҳои теннисбозон ҳам арзёбӣ мешавад.

Баъд аз таҳлили ҳама бозиҳои инфиродии мардонаи теннисбозон шурӯъ аз соли 1968 ба ин сӯ, Радиччӣ ба натиҷае расид, ки беҳтарин теннисбози ҳама давру замон Ҷиммӣ Коннорси амрикоӣ будааст. Ин теннисбоз дар тули 20 сол аз болои дигар тенисбозони маъруф аз ҳама бештар - 178 пирӯзӣ ба даст овардааст.

Барои қиёс, теннисбози рақами яки имрӯз Рафаэл Надал аз болои дигар теннисбозони маъруф ҳамагӣ 21 бор пирӯз шудааст.

Ба думболи Ҷиммӣ Коннорс ба феҳристи беҳтарин теннизбозони ҳама давру замон ҳамчунин Иван Лендл, Ҷон Макинрой, Гилиермо Вилас, Андре Агассӣ, Роҷер Федеррер, Пит Сампрас ва боз чанд нафари дигар шомил шудаанд.

Ва аммо гуфта мешавад, ки Рафаэл Надал ва Роҷер Федеррер барои дар ин феҳрист ҷойҳои беҳтарро соҳиб шудан ҳанӯз имкон доранд.
XS
SM
MD
LG