Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Барои таҳқиқи ҳамла чизеро дареғ намедорем


Кохи Сафед эълом дошт, ки ҳамла ба низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Франкфуртро ҳамроҳ бо мақомоти Олмон таҳқиқ хоҳад кард.

Шоми рӯзи чоршанбе дар фурудгоҳи ин шаҳр як марди мусаллаҳ ба автобус бо сарбозони амрикоӣ ҳамла намуд.

Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, дар ин ҳодиса ду нафар – ронанда ва як сарбоз ба ҳалокат расиданд. Ду нафар ҷароҳат бардоштанд, вазъи як тани онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, "барои ҳар кас бояд рӯшан бошад, ки мо барои таҳқиқи ин ҳодисаи нерӯи худро дареғ намедорем ва ҳамроҳ бо мақомоти Олмон талош мекунем, ки ҳама гунаҳкорон дар назди қонун ҷавоб гӯянд".

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳамларо «фоҷиаи мудҳиш» номид ва ба пайвандони қурбониён изҳори тасаллият кард. Ӯ афзуд, ки мақомоти кишвараш таҳқиқи билофосилаи ҳодисаро шурӯъ кардаанд.

Дар робита ба ин ҳамла як гумонбар – шаҳрванди 21-солаи Косово боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG