Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин шумораи ҳафтавори тозатаъсиси «Вечёрка» ба дасти хонандагон расид.

Ин ҳафтавор ба дунболи баҳси ҳайати эҷодии ҳафтавори «Вечерный Душанбе» бо Акбари Саттор, ношир ва мудири молии он дар як моҳи қабл ташкил шуд.

Баҳсе, ки ҳайати эҷодии «Вечерный Душанбе» бо ношир дошт ба аз кор рафтани ҳайати эҷодии ин ҳафтанома хулоса шуд ва ин ҳайати эҷодӣ ҳафтавореро бо номи «Вечёрка», ки дар гузашта ҳафтавори "Вечерный Душанбе" бо ин ном дар байни мардум маҳбубият дошт, ташкил карданд.
Ҳоло ду нашрия «Вечёрка» ва "Вечерный Душанбе" бо забони русӣ нашр мешавад. Ҳафтавори “Вечёрка” мустақил аст ва муасиси он Гулнора Амиршоева собиқ муҳаррири ҳафтавори "Вечерный Душанбе" мебошад.

Гулнора Амиршоева, муассиси ҳафтавори тозатаъсиси “Вечёрка
Гулнора Амиршоева дар робита ба имкони молии чопи ҳафтавори “Вечёрка” гуфт: “Нархи як шумораи мо 80 дирам аст пуле, ки мо барои чопи яксолаи ин ҳафтавор дар ихтиёр дорем пули худи ман ва наздиконам аст ва ҳамчунин барои дар оянда зиёд шудани теъдоди чопи газета талош мекунем ва ҳамзамон ба кӯмаки созмонҳои сармоягузор бар асоси барномаҳои ироашуда умед мебандем”.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ва ба эътиқоди Акбари Сатор, раиси иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар авохир теъдоди хонандагони нашрияҳои русизабон коҳиш ёфтааст. Акбари Сатор дар ин бора афзуд: “Дар иттиҳоди мо чор нашрия бо забони русӣ чоп мешавад. Мушоҳидаҳои охир гувоҳи он ҳастанд, ки теъдоди хонандагон кам шудааст. Вале аз сӯи дигар бозори ин нашрияҳо вуҷуд дорад. Мушкили дигар ин аст, ки нашрияҳои русӣ давлатӣ нестанд ва дар ҳолати пешомадани камбуди молӣ худ аз худ аз фаъолият боз мемонд”.

Аммо Гулнора Амиршоева, мудири масъули ҳафтавори тозатаъсиси “Вечёрка” ба ин назар мувофиқ нест ва мутмаъин ҳаст, ки хонандаи нашрияҳои русӣ кам нашудааст. Вай афзуд: “Шарт нест, ки газетаи русиро танҳо русзабон хонад. Газетаи русиро мардуми тоҷик низ мехонад ба ин далел, ки ончи дар газетаи русӣ чоп мешавад дар тоҷикӣ нест ва 50 фоизи мардуми тоҷик газетаи русиро мехонад.”

Қаҳрамон Бақозода, раиси маркази таҳқиқоти иҷтимоии “Зеркало” дар Тоҷикистон ба ин назар мувофиқ аст. Вай дар бораи маҳбубияти нашрияҳои русизабон дар Тоҷикистон гуфт: “Бар асоси пажуҳишҳои мо, маҳбубияти нашрияҳои русӣ нисбат ба тоҷикӣ дар байни мардум зиёд аст, барои мисол маҳбубияти нашрияи “Азия Плюс”, “Дайджест пресс”, “Рекламная газета” аз ҳама болост ва пурхонандатарин нашрияҳо ба ҳисоб меояд. Зеро он матолибе, ки дар ин нашрияҳо чоп мешавад дар нашрияҳои тоҷикӣ ба табъ намерасанд”.

Ба гуфтаи Гулнора Амиршоева, муассиси ҳафтавори тозатаъсиси “Вечёрка”, агар як нафар газетаро хонад пас гуфтан мумкин ин газета лозим аст. Аммо ба гуфтаи бархе аз коршиносон, шеваи нашри газета барои чанд хонанда дар шароити феълии бозори озод барои ношир судманд нест ва танҳо афзоиши теъдоди хонанда ба унвони харидор метавонад умри нашрияҳоро дароз кунад.

Дар ҳоле, ки дар ин авохир мо шоҳиди нокомии чанд нашрияи тозатаъсиси тоҷикӣ будем, ки ба далели теъдоди ками хонандагон ва худкифо нашудан аз ҷумла ҳафтавори “Гол”, “Овоза” аз Хуршеди Атовулло, нашрияи “Мино” аз Барнои Қодирдухт, ҳафтавори “Оламу Одам” аз Мираҳмади Амиршоҳӣ ва ҳафтавори “Диравш” аз Мукаррама Насруллоева ҳастем, ки аз чоп афтодаанд. Ҳафтавори тозатаъсиси “Вечёрка” ду ҳазор нусха нашр мешавад ва ба гуфтаи коршиносон агар теъдоди нашри он дар оянда ба 10 ҳазор нарасад имкон дорад ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG