Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши ёдгориҳои бостонии Афғонистон дар Лондон


Дар Лондон намоишгоҳи ёдгориҳои бостонии Афғонистон дарҳои худро ба рӯи алоқамандон боз кард. Дар ин намоиш он ёдгориҳое дар маърази тамошо гузошта шудаанд, ки бовар мерафт, тайи 30 соли ҷангҳои Афғонистон гум, тахриб ё дуздӣ шудаанд.
Маҷмӯа 200 ёдгории бебаҳоеро, ки то 4 000 сол умр доранд, аз ҷумла ҷомҳои булӯрии румӣ, тоҷҳои тилоӣ ва зарфҳои устухонии бозмонда аз даврони Мисри қадимро дар бар мегирад.
Намоишгоҳи «Афғонистон: Чорроҳаи аҳди бостон» дар Лондон шоми сешанбе дар ҳузури раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва сарвазири Бритониё Девид Камерон боз шуд.
XS
SM
MD
LG