Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CБП зарфи ду ҳафтаи ахир вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2010 ва раванди иҷрои тарҳҳои ин ниҳодро баррасӣ кардааст.

Тодд Шнайдер, раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул гуфт, рушди маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта ҳудуди 6, 5 дарсадро ташкил дода ва умуман натиҷаҳои ҳосилшуда қонеъкунанда аст. Ӯ гуфт, агар мудирияти СБП арзёбӣ ва пешниҳоди ин ҳайатро таъйид кунад, 20 миллион доллар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, агар ин пешниҳодот аз сӯи Шӯрои иҷроия тайид шавад, 20 миллион доллар воситаҳои пулӣ тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор дода мешавад.

Раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалӣ пул ҳамчунин гуфт, пешбиниҳо нишон медиҳад, ки дар соли равон мизони таваррум бештар аз 10 дарсадро дар иқтисоди Тоҷикистон ташкил хоҳад дод. Ӯ афзуд, ба нигаҳдории сатҳи таваррум дар ин ҳудуд умедвор аст, аммо омилҳои дигаре ба вуҷуд дорад, ки метавонад боиси аз ин ҳам бештар шудани мизони таваррум шавад.

Оқои Шнайдер гуфт: «Агар рӯирост бигӯем, сатҳи таваррум аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста мебошад, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ, хоса дар бозори орду гандум чӣ гуна таҳаввуле пеш меояд».

Аммо 20 миллион доллар воситаи пулие, ки СБП мехоҳад дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад умдатан барои кӯмаки қисмати касри буҷа масраф мешавад ва қарор нест, ки он барои пӯшиши таваррум ба кор бурда шавад. Дар ҳоле СБП аз имкони бештар аз 10 дарсад шудани мизони таваррум дар Тоҷикистон изҳори назар мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон ин мизонро ҳудуди 7 то 8 дарсад пешбинӣ карда буд ва буҷаи соли равон низ бар ҳамин мабно сохта шудааст.

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, воқеъияти ҷаҳони имрӯз пешбиниҳо дар бориа мизони таваррумро, ки 7 дарсад дар назар гирифта шуда буд, тағйир додааст. Ба гуфтаи оқои Раҳимзода, хоса болоравии қиммати ғизо, аз ҷумла гандум мизони тавррумро боло мебарад. Ӯ мегӯяд: «Мо дар моҳҳои октябр - ноябр чунин 7 дарсад таваррум пешбинӣ карда будем, ки мешавад. Он вақт ин таҳавулоти имрӯз, хоса дар мамлакатҳои исломӣ набуд. Ин таҳаввулот боиси боло рафтани нархи нафту маҳсулоти нафтӣ шуд, ки мо ворид мекунем. Инчунин нархи гандуму орд боло рафт, ки вақте тоҷирон ворид мекунанд, хоҳанд нахоҳад он арзиши изофашударо бор мекунанд».

Ин дар ҳолест, ки коршиносони мустақил мегӯянд, мизони таваррум дар асл ҳудуди ду баробар аз пешбинҳои расмӣ бештар аст. Зеро Тоҷикистон аслан як кишвари воридкунанда аст. Ва мизони таваррум ба талошҳои дохилӣ бастагии чандоне надорад, балки бештар тобеъи афзоши қимати маводест, ки ворид мешавад.

Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли равон то 18 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ӯ мегӯяд: «Аз аввали сол то кунун болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Агар дар давоми сол ин болоравӣ нигаҳ дошта нашавад ва таҳаввули дигаре пеш наояд, таваррум то 15 -18 дарсад боло
Давлат Усмон
меравад. Дар ҳамаи кишварҳо болоравии нархҳо мушоҳида мешавад, хоса дар кишварҳое, ки мо аз онҳо мол ворид мекунем. Ин болоравӣ табиист, ки боиси болоравии нархҳо ва ҳамин тавр мизони таваррум мешавад».


Аз як моҳи пеш ба ин сӯ болоравии қимати маводи ғизоӣ, хоса орду равған дар бозорҳои Тоҷикистон эҳсос мешавад. Ахиран шаҳрдории Душанбе ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки қиматҳоро дар бозорҳои ғизоӣ таҳти назорат дошта бошанд. Тоҷикистон аксари маводи ғизоиро ворид мекунад. Ва болоравии қимати ин мавод дар бозорҳои хориҷ боиси болоравии қимати он дар дохили Тоҷикистон гашта ва ин ҳол дар навбати худ боиси болоравии мизони таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ мешавад.

Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар ба сурати қобили мулоҳиза фақат ду чиз пахта ва алюминий содир мекунад, ки қимати ҳарду ҳам дар соли равон дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзудааст. Аммо ин содирот ба ҳадде кофӣ нест, ки баробарии пули милллӣ ва қимати арзи хориҷиро таъмин кунад. Раиси БМ Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат ҳадди аксари талоши худро барои нигаҳ доштани арзиши пули миллӣ ба харҷ медиҳад, аммо дар гароиши ҷаҳони имрӯз ин кор танҳо ба талошҳои ҳукумати Тҷоикистон вобаста нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG