Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози сокинони Кунар ба ҳалокати атфол


Садҳо сокини як русто дар вилояти Кунари Афғонистон ба нишони эътироз ба ҳалокати 9 кӯдак бар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои НАТО тазоҳурот карданд. Онҳо бо шиорҳои зидди Амрико ва давлати Афғонистон то маҳалли бомббори рӯзи сешанбе раҳпаймоӣ кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин атфол аз 7 то 9 сол дошта, ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар як кӯҳ ҳадафи ҳамлаи иштибоҳии НАТО қарор гирифтаанд. Нирӯҳои НАТО онҳоро чирикиҳо гуморидаанд. Раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз дар як баёния гуфт, куштори иштибоҳии мардуми мулкӣ бояд қатъ шавад. Ду ҳафта қабл низ дар Кунар дар ҳамалоти НАТО беш аз 60 фарди мулкӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG