Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, ки имрӯз 80-сола шуд, ба сарвазири феълии Русия Владимир Путин машварат додааст, ки соли оянда барои давраи нави раёсат ба интихобот наравад. Горбачёв дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Аргументи и факти» гуфт, агар ӯ ба ҷои Путин мешуд, ба интихобот намерафт. Путин, ки алакай ду давра раисиҷумҳури Русия буд, ишора мекунад, ки дар интихоботи соли оянда барои як давраи дигар мубориза хоҳад бурд. Агар ӯ боз ҳам пирӯз шавад, то соли 2018 бар Русия ҳукумат хоҳад ронд.
XS
SM
MD
LG