Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи ҳафтаномаи нави русизабон дар Тоҷикистон


Шумораи нахустини нашрияи русизабони «Вечёрка» имрӯз 2-юми март рӯи чоп омад.

Сардабирии ин нашрияро Гулнора Амиршоева, хабарнигори тоҷик ба ӯҳда дорад. Хонум Амиршоева дар сӯҳбат ба РО ҳадаф аз таъсиси ин нашрияро расонидани иттилои воқеӣ аз вазъияти зиндагии мардум, баррасии масоили доғи ҷомеа ва пайдо кардани ҷойгоҳ дар осмони матбуоти тоҷик унвон кард.

Ин нашрия хусусӣ буда ва маблағи чопи яксоли ояндаи худро дар ихтиёр дорад ва бо тиражи 2000 нусха дар нашрияи «Мега принт» дар ҳаҷми 16 саҳифи рӯи чоп омадааст.

Гулнора Амиршоева
Гулнора Амиршоева изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда тиражи ин ҳафтавор аз ҳисоби хонандагонаш зиёд шуда маблағ барои чопи шумораҳои солҳои оянда кифоят мекунад.

Хонум Амиршоева дар ин расто ба кӯмакҳои молии созмонҳои сармоягузор низ умед мебандад.

Таъсиси ин нашрияи русизабон дар ҳолест, ки дар нимаи дуввуми моҳи январи соли ҷорӣ ҳайъати эҷодии ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе”, дигар нашрияи русизабони Тоҷикистон ба нишони эътироз ба шеваи кори молики иттиҳодияи эҷодии “Чархи Гардун”, кори худро дар ин бунгоҳи хабарӣ қатъ карда буданд

Гулнора Амиршоева, сардабири вақти “Вечерний Душанбе” фишори ба онҳо эъмолшуда аз сӯи молики нашрия Акбари Сатторро далели чунин тасмим номида ва гуфта буд, ҳафтавор чанд моҳ боз ба баҳонаи зиёни молиаш таҳти таҳдиди басташавӣ қарор дошт.

«ВД» ба унвони танҳо рӯзномаи баъд аз зӯҳр ё шоми Душанбе аз соли 1968 то соли 1992 ҳамчун органи нашаротии созмони Ҳизби коммунист дар Душанбе ба сурати муназзам нашр мешуд.
XS
SM
MD
LG