Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри шумораи нахустини "Вечёрка" дар Душанбе


Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Вечёрка» ба бозор баромад. Ин нашрияро сардабири собиқи «Вечерний Душанбе» Гулнора Амиршоева таъсис дода, аксари кормандонаш низ онҳоеянд, ки дар моҳи январ ба нишони эътироз тарки он ҳафтавор карданд.
«Вечёрка» ҳафтае як маротиба ба забони русӣ нашр шуда, масъулонаш мегӯянд, ба зудӣ сомонаи интернетии ин нашрияро низ ба роҳ хоҳанд андохт.
XS
SM
MD
LG