Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Горбачёв 80-сола шуд


Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ имрӯз 80-сола шуд. Сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнии Горбачёв деворҳои низоми шӯравиро боз кард, вале дар ниҳоят дар соли 1991, ба фурӯпошии ин кишвари коммунистӣ овард. Горбачёв дар Ғарб ба маҳзи раҳ ба сӯи озодиву ислоҳот паймудани ӯ ва нақши муҳимаш дар суқути давлатҳои коммунистии Аврупои шарқӣ тақдир мешавад, вале дар Шӯравии собиқ ӯро айбдор мекунанд, ки як кишвари абарқудратро шикаст дод. Горбачёв, ки дар соли 1990 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел низ шуда буд, тайи ҳафтаҳои охир аз пасрафти Русия аз масири демократия башиддат интиқод мекард.
XS
SM
MD
LG