Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошини Аҳмадинажод бо нархи 2,5 млн $ фурӯхта шуд


Мошине ки Аҳмадинажод ба фурӯш зад

Мошине ки Аҳмадинажод ба фурӯш зад

Матбуоти Эрон мегӯяд, як мошини навъи “Peugeot sedan”, ки соли 1977 сохта шуда, ба раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод тааллуқ дошт, дар як музоядаи хайрия ба қимати 2,5 миллион доллар ба фурӯш рафтааст. Бино ба гузориши ИСНО, ин мошинро як эронӣ харидааст. Аҳмадинажод соли гузашта эълон кард, ки ин мошинро ба фурӯш гузошта, маблағашро ба барномаи бунёди манозил барои хонаводаҳои фақир хоҳад дод. Матбуоти Эрон мегӯяд, Аҳмадинажод ин “Peugeot”-и сафедро ҳангоми шаҳрдори Теҳрон буданаш ва то расидан ба мақоми раёсатҷумҳурии Эрон меронд. Қимати чунин мошин дар бозор ҳудуди 2000 доллар будааст.
XS
SM
MD
LG