Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири ақаллиятҳои динии Покистон кушта шуд


Шаҳбоз Бҳаттӣ

Шаҳбоз Бҳаттӣ

Вазири Покистон дар умури ақаллиятҳои динӣ Шаҳбоз Бҳаттӣ имрӯз бар асари як ҳамла дар Исломобод кушта шуд. Гӯяндаи телевизиони Покистон мегӯяд, силоҳбадастон мошини Бҳаттиро вақте ҳадафи тир қарор доданд, ки ӯ аз манзилаш берун мерафт: «Бҳаттӣ ҷароҳатҳои сангин бардошт. Ронандааш талош кард, ӯро ба бемористон расонда наҷот диҳад. Вале Шаҳбоз Бҳаттӣ дар роҳ ба сӯи бемористон даргузашт.”
Шаҳбоз Бҳаттӣ, ки худ масеҳӣ буд, дар ин авохир ба маҳзи мухолифаташ ба қонуни куфр аз сӯи ҷангиёни исломӣ таҳдид гирифта буд. Ин қонун, ки барои тавҳин ба ислом ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад, моҳи ноябр дар пайи бо чунин ҷурм маҳкум ба эъдом шудани як зани масеҳӣ ва модари 4 фарзанд таҳти баҳсҳои доғ қарор гирифт.
Дар оғози сол волии Панҷоби Покистон аз сӯи муҳофизаш низ ба маҳзи мухолифати ӯ ба қонуни куфр кушта шуд.
XS
SM
MD
LG