Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарб иқдоми низомӣ алайҳи Қаззофиро истисно намекунад


Кишварҳои Ғарб имкони иқдоми низомӣ барои кумак ба суқути режими Муаммар Қаззофиро арзёбӣ мекунанд. Шумори фирориҳо аз Либия танҳо дар Тунис ба 70-75 000 расида, нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ба хотири касби дубораи назорат бар манотиқе, ки ба дасти эътирозгарон даромадааст, вориди даргириҳои навбанав мешаванд. Нирӯҳои Қаззофӣ, бино ба хабарҳо, талош карданд, шаҳри Зовия, дар 50-километрии ғарби пойтахти Либия –Троблусро тасарруф кунанд, вале бенатиҷа.
Бо ин ҳол, вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс таъйид кард, ки чанд киштии ҷангии Амрико роҳ ба сӯи Либия гирифтаанд, вале то ҳол на маъмурияти Барак Обама ва на паймони НАТО ҷиҳати иқдоми низомӣ тасмим нагирифтаанд: «Мо, албатта, як силсила роҳҳову пешомадҳоро дар назар дорем. Барои иқдомҳои дигар тасмиме гирифта нашудааст.»
Сарвазири Бритониё Девид Камерон низ гуфт, истифодаи нирӯи низомӣ як роҳи ҳалл боқӣ мемонад. Аммо Русияву Фаронса гуфтаанд, иқдоми низомӣ қарори босароҳати Шӯрои Амниятро тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG