Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди варзиш таъсис ёфт


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар ин кишвар таҳти раёсати сарвазир Оқил Оқилов Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис додаанд. Ин Шӯро ҳамчунин як муовини сарвазир, раиси кумитаи ҷавонон ва варзишу ҷаҳонгардӣ ва як силсила аз мақомоти аршади шаҳру вилоятҳо, раҳбарони корхонаҳои бузург, намояндагони ниҳодҳои варзишӣ ва варзишкорони маъруф - гуштигир Расул Боқиев ва гурзандоз Дилшод Назаровро фаро мегирад. Ҳадаф аз таъсиси Шӯрои рушди варзиш таъмини иҷрои барномаи давлатии рушди ин ришта ном бурда мешавад. Ибтикори таъсиси чунин ниҳод дар мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо варзишкорон, ки рӯзи 20 декабр доир шуд, ба миён омад.
XS
SM
MD
LG