Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Амрико Сайфуллоҳзодаро аёдат кард


Сафири Амрико дар Душанбе Кеннет Гросс Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, узви аршади Ҳизби наҳзати исломӣ ва сардабири «Наҷот», нашрияи ин умдатарин ташаккули мухолифини тоҷикро дар манзилаш аёдат кардааст. Сайфуллоҳзода ба сафир гуфтааст, ки феълан худро хуб ҳисс мекунад ва рӯзҳои наздик ба кор хоҳад баромад. Сардабири «Наҷот» ба созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳо барои маҳкум кардани ҳамла ба зидди ӯ изҳори сипос кардааст.
Сайфуллоҳзода рӯзи 7 феврал дар назди манзилаш дучори ҳамлаи афроди ношинос шуд ва 11 рӯз дар бемористони Қарияи боло таҳти табобат қарор дошт. Дар иртикоби ин ҳамла рӯзи 21 феврал парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG