Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

91 миллион $ ваъдаи ёрии Лондон ба Осиёи Марказӣ


Бритониё то соли 2015 барои иҷрои барномаҳояш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 91 миллион доллар ҷудо мекунад. Эндрю Митчелл, вазири рушди байналмилалии Бритониё гуфт, солона бо ин ҳадаф 22, 8 миллион доллар ихтисос ёфта, ин барномаҳо, ба гуфтаи ӯ, махсусан «барои Тоҷикистону Қирғизистон пурфоида хоҳанд буд.» Мусоидат ба рушди иқтисод тавассути таъмини рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти манофеъи ақшори фақири ҷомиа ва ислоҳоти сохтори молии давлат ғолибан самти аслии ёриҳои Лондон ба Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Эндрю Митчелл гуфтааст, комёбии ҳамкориҳои Лондону Душанбе пеш аз ҳама ба азми ҷониби Тоҷикистон ба ислоҳоти бахши хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шаффофияти масрафоти давлат бастагӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG