Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби паймони минтақавӣ аз сӯи парлумони Русия


Шӯрои Федеросиюн, маҷлиси болоии парлумони Русия паймони таъсиси Маркази минтақавии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро тасвиб кард. Ин паймон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2009 миёни Русияву Озарбойҷон ва ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, имзо шуда буд. Қарор аст, ин марказ дар Остона мустақар шавад. Будҷаи солонаи фаъолияти ин ниҳод 15,4 миллион доллар баровард шудааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, бавижа афюну ҳероин ба Русия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG