Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон мизони фақрро дар Тоҷикистон боло бурдааст


СММ дар иҷрои барномаи рушд дар Тоҷикистон дар соли 2010-ум 42 миллион доллар сарф кардааст.

Барномаи рушди СММ мегӯяд, 37 дарсади ҳамин маблағҳо барои коҳиши мизони камбизотӣ масраф шудааст ва дар соли 2011 низ дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон масъалаи коҳиши фақрро дар авлавияти барномаҳои худ қарор додааст.

Бо вуҷуди он ки Барномаи рушди СММ соли 2010- ро дар иҷрои барномаҳои худ соли муваффақ хондааст, вале мизони камбизотӣ дар Тоҷикистон коҳиш наёфта, балки ба гуфтаи бархе аз коршиносон, аз 60 дарсад бештар шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ мизони камбизоатиро 48 дарсад ва мизони камбизоатии шадидро 14 дарсад тахмин задаанд.

Барномаи рушди СММ гуфтааст, ки дар соли 2011 ба ҷуз аз масъалаи коҳиши мизони камбизоатӣ, ҳамчунин ба бахшҳои энержӣ, ҳифзи муҳити зист ва ба масоили бемориҳои сирояткунанда аз ҷумла ВИЧ СПИД расидагӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, иҷрои тарҳҳои Барнома рушди СММ дар Тоҷикистон агар чанде дар рушди иқтисод назаррас нестанд, бо вуҷуди ин барои ин ҷумҳурӣ, ки дар иҷрои ҳамчунин барномаҳо ба кӯмакҳои хориҷӣ ниёз дорад, судманд мебошад.

Кӯмаки Барномаи рушди СММ дар коҳиши камбизоатӣ аслан ба тарҳҳое ихтисос дорад, ки ба хонаводаҳои ниёзманд ироа мешавад ва ин кӯмакҳо нақдӣ набуда барои парвариши зироатҳои полезӣ, боғдорӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра равона мешаванд . Ба хусус иҷрои ин барномаҳо дар деҳоти Тоҷикистон, ки мизони бекорӣ боло аст, амалӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG