Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишорҳои афзоянда алайҳи Қаззофӣ


Фишорҳои байналмилалӣ болои раҳбари Либия барои канор рафтан аз қудрат афзоиш меёбад.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Қаззофӣ ҳамлаҳои тозаеро барои гирифтани дубораи шаҳрҳо аз мухолифон оғоз кардааст.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҷаҳон, ки дар иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева ҷамъ омадаанд, аз Қаззофӣ хостаанд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар, аз қудрат канор равад.

Гуфта мешавад дар натиҷаи саркӯбии тазоҳуроти ду ҳафтаи ахир дар Либия, як ҳазора нафар кушта шудааст.

Ҳамзамон дар Брюксел кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо як бастаи таҳримот, ба шумули таҳрими ирсоли силоҳ ва сафарро алайҳи Қаззофӣ ва мушовирони наздики вай тасвиб карданд.

Нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ бо истифода аз ҷангандаҳои ҳавоӣ, танк ва дигар силоҳҳои вазнин, ҳамлаҳояшонро барои гирифтани шаҳрҳои Зовия ва Майсурота идома медиҳанд.



Ба асоси гузоришҳо, мухолифин дар шаҳри Зовия нерӯҳои давлатиро ақиб заданд ва ҳудуди даҳ тан аз нерӯҳои давлатиро низ куштаанд. Дар шаҳри Майсурота нерӯҳои зиддидавлатӣ иддао кардаанд, ки як ҳавопаймои қувваҳои ҳавоии Либияро суқут додаанд.

Дар Женева Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, вақти он аст, ки Қаззофӣ аз қудрат канор биравад. Вазири умури хориҷии ИМА афзуд: «Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ барои барои
Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА
рафторашон бинобар амал накардан ба қонунҳои байналмилалӣ бояд ҷавобгӯ бошанд. Бо ин амалашон онҳо машруияти ҳукумат карданро аз даст доданд ва мардуми Либия ин мавзӯъро барои худ рӯшан сохтааст, ки ҳоло вақти он аст, ки Қаззофӣ бидуни хушунати бештар ва таъхир аз қудрат канор биравад.»


Вазири умури хориҷии ИМА гуфт, Вашинтон талош дорад то бо либиягиҳо, ки дар шарқи кишвар қарор доранд тамос гирифта ва омода аст ҳар навъ кӯмакро ба онҳо пешниҳод кунад. Дар ҳамин ҳол сухангӯи Пентагон гуфт, ИМА нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии худро дар атрофи Либия тағйири мавқеъият медиҳад.

Вазири хориҷии ИМА ҳамчунин аз Маҷмаи умумии СММ хост то тақозои ин Шӯроро мабни бар лағви узвияти Либия аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қабул кунад.

Ҳамзамон вазири умури хориҷаи Амрико як силсила мулоқотҳо ва музокиротро бо ҳамтоёни аврупоияш дар Женева ба роҳ андохтааст то роҳи ҳалли муносиби байналмилалӣ барои бурунрафт аз бӯҳрони Либияро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG