Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киштии низомии Канада сӯи Либия раҳсипор мешавад


Канада як киштӣ бо чархбол ва беш аз 200 низомиро ба соҳилҳои Либия мефиристад. Дар ин бора сарвазири кишвар Стивен Харпер хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, тавассути ин киштӣ, ки имрӯз бандари Канадаро тарк мекунад, шаҳрвандони хориҷӣ аз Либия берун карда мешаванд. Питер Маккей, вазири дифоъи Канада, гуфт, эҳтимолан ин киштӣ барои татбиқи таҳримҳо алайҳи Либия низ истифода шавад.

Аз ин пеш Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико ахиран тайид кард, ки киштиҳои низомии ИМА сӯи соҳилҳои Либия равонаанд ва аммо афзуд, ки ҳанӯз НАТО дар мавриди амалиёти низомӣ дар Либия ба созише нарасидааст.

Сарвазири Бритониё Дэвид Камерон гуфт, ки ӯ истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи Қаззофиро байид намедонад.

Русия ва Фаронса изҳор намуданд, ки амалиёти низомӣ фақат баъди дарёфти мандати Шӯрои амнияти СММ имконпазир хоҳад буд.

Ахиран Маҷмааи кулли СММ узвияти Либия дар Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмонро мутаваққиф кард. Қатънома дар ин бора рӯзи сешанбе қабул шуд ва он вокуниш ба саркӯбсозии бераҳмонаи мухолифин аз сӯи режими раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аст.
XS
SM
MD
LG