Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ хоҳад буд, аз ду то панҷ дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд баъд аз зӯҳр борон меборад, ҳарорати ҳаво то 9 дараҷа боло хоҳад рафт.

Дар шаҳри Қурғонтеппа борон меборад, ҳаво то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, имрӯз ҳам барф меборад, ҳаво аз 7 то 11 дараҷа сард мешавад.

Сардтарин минтақаҳои Тоҷикистон ноҳияи Мурғоб ва дашти Аличур боқӣ мемонанд – дар ин манотиқ барф меборад, ҳаво то 17-18 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG