Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвияти Либия дар Шӯрои ҳуқуқи башар мутаваққиф шуд


Ахиран Маҷмааи кулли СММ узвияти Либия дар Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмонро мутаваққиф кард.

Қатънома дар ин бора рӯзи сешанбе қабул шуд ва он вокуниш ба саркӯбсозии бераҳмонаи мухолифин аз сӯи режими раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аст.
Маҷмааи Кулл аз вазъи ҳуқуқи башар дар Либия изҳор нигаронии амиқ кард.

Аз ин пеш Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон изҳор намуд, ки вазъ дар ғарби Либия, дар марз бо Тунис торафт печидатар ва мушкилтар мешавад – фақат тайи даҳ рӯзи ахир кишварро аз 70 то 75 ҳазор нафар тарк намуданд.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ талошҳои берун кардани мухолифин аз минтақаҳои ишғолкардаашонро идома медиҳанд. Айни ҳол бахши аъзами Либия таҳти назорати мухолфиони ҳукумат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG