Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Арманистон истеъфои сарвазирро талаб карданд


Дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон, гирдиҳамоии оммавии мухолифин баргузор шуд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар маркази шаҳр аз 10 то 50 ҳазор нафар ҷамъ омада, хостории раҳоии маҳбусони сиёсӣ аз зиндон ва истеъфои мақомоти кишвар, аз ҷумла, сарвазир шуданд.

Баъд аз гирдиҳамоӣ мухолифини ҳукумат дар хиӣбонҳои Ереван раҳпаймоӣ карданд.

Раҳбари «Конгресси миллии Арманистон» Левон Тер-Петросян хабар дод, ки ҳамоиши навбатии аҳзоби мухолиф рӯзи 17 март баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG